Зарегистрироваться
Восстановить пароль
FAQ по входу

Болтуева М.Ё. Ҳифзи барномаи компютерӣ дар ҳуқуқи гражданӣ

  • Файл формата pdf
  • размером 2,24 МБ
  • Добавлен пользователем
  • Описание отредактировано
Болтуева М.Ё. Ҳифзи барномаи компютерӣ дар ҳуқуқи гражданӣ
Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рӯйи ихтисоси: 12.00.03 – Ҳуқуқи гражданӣ; ҳуқуқи соҳибкорӣ; ҳуқуқи оилавӣ; ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ. — Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов. — Душанбе, 2023. — 188 б.
Роҳбари илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Абдуҷалилов А.
Мубрамии мавзуи таҳқиқот. Истифодаи васеи барномаҳои компютерӣ ва дигар маводҳои барномавӣ дар тамоми соҳаҳои фаъолияти одамон унсурҳои фарқкунандаи марҳалаи нави рушди иҷтимоие маҳсуб меёбад, ки нишонаи асосии он бо нақши ҳалкунандаи дастовардҳои илмӣ-техники дар соҳаи технологияҳои ахборотӣ ва коммуникатсионӣ маънидод карда мешавад.
Имрӯзҳо барномаҳои компютерӣ ба таври қавӣ ба ҳаёти ҳаррӯза ворид гардидааст. Дар баробари тараққиёти сатҳи технология, барномаҳои компютерӣ низ инкишоф ёфта, имконият фароҳам оварда мешавад, ки сатҳи мазкур дар ҳаёт татбиқ шавад. Барномаҳо низ ҳамчун технологияҳо боз ҳам мураккаб ва тараққиёфта гардида истодаанд. Миқдори заминаҳои татбиқшаванда, имконоти амалишавӣ, усулҳои коркардӣ ва интишори онҳо пайваста меафзояд.
Дар айни замон тарафи ҳуқуқии раванди мазкур низ торафт мубрам шуда истодааст. Бояд ишора намуд, ки масъалаи аҳаммиятнокии эътироф ва дар доираи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани объектҳои нави ҳуқуқи гражданӣ, ки ба он барномаҳои компютерӣ ва дигар дастовардҳои неъматҳои ғайримоддӣ дохил мешаванд, дар Консепсияи рушди қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30–юми апрели соли 2014 пешбинӣ гардидааст. Шахси ба ҷараёни истифодабарии барномаҳои компютерӣ ҷалб шуда ногузир бо категорияҳои мухталифи ҳуқуқӣ бармехӯрад. Ҳар шахсе, ки ба истифодабарӣ ва инчунин бо сохтани барномаҳои компютерӣ машғул мегардад, бо масъалаи ҳифз, истифодабарии қонунӣ ва дурусти барномаҳои компютерӣ, ба даст даровардани фоида аз фурӯши нусхаҳои он ва бисёр дигар масъалаҳо, бархурдор мешавад. Мутаассифона, ҳангоми муроҷиат намудан ба қонунгузорӣ ба хулоса омадан мумкин аст, ки ин масъалаҳои ишорагардида дар доираи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ қайди худро ба пуррагӣ наёфтааст. Дар ин радиф, танзими ҳаматарафаи масъалаи мазкур на танҳо аҳаммияти назариявӣ, балки боз аҳаммияти амалиро доро буда, таъсири худро аз ҷумла ба иқтисодиёт мерасонад.
Мақсади таҳқиқот. Мақсади рисолаи диссертатсионии мазкур ташаккули тасаввуроти таҷаммуӣ оид ба хусусияти барномаҳои компютерӣ, шаклу тарзҳои ҳифзи ҳуқуқӣ, коркарди нуктаҳои назариявии ба ошкор намудани моҳияти муносибатҳои ҳуқуқӣ равонашуда, танзимгарӣ ва таснифу коркарди тавсияҳо оид ба истифодаи шаклу услубҳои мухталиф бо ба назар гирифтани равандҳо ва таҷрибаи байналмилалӣ, ташаккул додани пешниҳодҳои амалӣ роҷеъ ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодаи барномаҳои компютерӣ мебошад.
Вазифаҳои таҳқиқот. Ҳадафи мазкур ҳаллу фасли вазифаҳои зеринро тақозо дорад:
таҳлили илмӣ — назариявии барномаҳои компютерӣ ҳамчун объекти ҳуқуқи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон;
муайян ва омӯзиши меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва шартномаҳои байналмилалӣ бо иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки асоси танзими ҳуқуқии институти ҳифзи таъминоти барномавӣ мебошанд, муайян намудани нуқсонҳо ва афзалиятҳои модели мавҷуда барои ҳифзи онҳо;
баррасии муқаррароти барномаи компютерӣ ҳамчун объекти ҳуқуқи гражданӣ, омӯзиши заминаи ҳуқуқии давлатҳои хориҷӣ, ки ин объектҳоро меофаранд, таҳлили муқоисавии заминаи ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ оид ба масъалаҳои таъмини ҳифзи барномаи компютерӣ;
омӯзиши масъалаҳои методологии барномаи компютерӣ ҳамчун объекти моликияти зеҳнӣ;
муқаррар намудани асосҳо барои таъмини ҳифзи ҳуқуқи муаллифӣ нисбат ба барномаи компютерӣ;
омӯзиши асосҳо ва хусусиятҳои ҳифзи ҳуқуқӣ-патентии барномаи компютерӣ ҳамчун як навъи ҳифзи ҳуқуқии объекти ҳуқуқи гражданӣ;
таҳияи тавсияҳои мушаххас оид ба татбиқи амалии системаи алоҳида ё муттаҳидаи ҳифзи ҳуқуқӣ ва истифодаи маҷмуи таъминоти ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасии дурнамои истифодаи он дар ҳаёти иқтисодии ҷамъият;
таҳлили таҳияи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқӣ-муаллифии таъминоти барномавӣ, таҳияи пешниҳодҳои амалӣ оид ба такмили дастгоҳи танзими қонунгузории кишвар ва амалияи татбиқи ҳуқуқ дар ин самт.

Объекти таҳқиқот муносибати ҳуқуқие мебошад, ки вобаста ба бунёд ва истифодаи барномаҳои компютерӣ ҳамчун объекти ҳуқуқи гражданӣ ба вуҷуд меоянд.
Мавзуи таҳқиқоти диссертатсиониро муносибатҳои гражданӣ-ҳуқуқии марбут ба барномаҳои компютерӣ, равандҳои рушди ҳифзи ҳуқуқии барномаҳои компютерӣ, ҳолати ҳуқуқии объектҳои ҳифз, имконият ва услубҳои муҳофизат, инчунин роҳҳои такмили он ташкил медиҳанд.
Навгонии илмии таҳқиқот. Диссертатсия яке аз аввалин таҳқиқотҳои диссертатсионии ба масъалаи барномаҳои компютерӣ ҳамчун объекти ҳуқуқи гражданӣ бахшидашуда ба шумор меравад. Дар кори илмии мазкур масъалаҳои танзими ҳуқуқии барномаи компютерӣ ба таври комплексӣ дида баромада шудааст. Аз ин рӯ навгонии диссертатсия дар он зоҳир мегардад, ки:
Муаммоҳои мавҷудаи танзими ҳуқуқии ҳифзи барномаҳои компютерӣ ва истифодаи чунин барномаҳо ошкору муназзам карда шуда (дар соҳаи қонунгузорӣ ва амалия) роҳҳои ислоҳи онҳо пешниҳод гардиданд;
Шаклу тарзҳои хоссаи ҳифзи ҳуқуқи барномаҳои компютерӣ ошкор карда шуданд, бартариву махсусиятҳои татбиқи шаклу тарзҳои мушаххаси ҳифзи барномаҳои компютерӣ дар соҳаҳои ҷудогонаи хоҷагӣ ошкор ва асоснок карда шуданд;
Мубрамтарин муаммоҳои истифодаи шаклу услубҳои ҳифзи ҳуқуқии барномаҳои компютерӣ бо дарназардошти рушди дастовардҳои ҷаҳонӣ баррасӣ гардиданд.
Татбиқи муносибати бисёртарафа ба барномаҳои компютерии дорои объектҳои серҷабҳа, таҳлил ва асоснок карда шудаанд;
Навтарин тағйироту иловаҳои қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи барномаҳои компютерӣ мавриди таҳлил қарор дода шуда, муаммоҳои ҳуқуқию мураккабиҳои эҳтимолии татбиқи амалии навгониҳо ошкор карда шудаанд;
Бо мақсади такмили танзими ҳуқуқии ҳифзи барномаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди минбаъдаи қонунгузорӣ тавсияҳову пешниҳодҳо ба тасвият расиданд;

Муносибати истифодашуда имкон дод, ки муаммои масъалаҳои мубрами низоми ҳифзи барномаҳои компютерӣ умуман ва ҷузъан бо шаклу тарзҳои ҳифзи онҳо ва вижагиҳои татбиқашон ҳаматарафа баррасӣ гарданд.
  • Чтобы скачать этот файл зарегистрируйтесь и/или войдите на сайт используя форму сверху.
  • Регистрация